Сентябр 16, 2017 16:16 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Иттиҳодияи Аврупо ба Амрико дар заминаи «БАРҶОМ» паёми қотеъ диҳад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба тахаллуфоти Амрико дар заминаи «БАРҶОМ» таъкид кард, аз Иттиҳодияи Аврупо интизор меравад, аввалан ба таври комил ба БАРҶОМ амал кунад ва сониян ба Амрико барои пойбандӣ ба тааҳҳудоташ дар БАРҶОМ, фишор оварад ва ба ин кишвар паёми қотеъ дода шавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон рӯзи шанбе дар дидори Siegfried Bracke, раиси Маҷлиси намояндагони Белгия дар Теҳрон, бо таъкид бар лузуми пойбандии тарафайн ба мафоди БАРҶОМ, тасреҳ кард, танҳо дастгоҳе, ки метавонад эълом кунад, ки Эрон ба тааҳҳудоти худ бар БАРҶОМ амал карда, фақат Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст ва Эрон бар асоси гузоришоти ожонс, ба тааҳҳудоти худ дар чорчӯби БАРҶОМ пойбанд будааст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо баёни ин ки иродаи Эрон истифода аз фазои муносиби ба вуҷуд омада баъд аз БАРҶОМ, барои тавсеаи равобит бо Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла Белгия аст, изҳор кард, бояд аз фазои пас аз БАРҶОМ ҳаддиаксари истифодаро барои тавсеаи муносибот ва истеҳкоми равобити дуҷониба ва чандҷониба ба амал овард.

Раиси Маҷлиси намояндагони Белгия, низ дар ин дидор, бо таъкид бар аҳамияти тааҳҳуд ва пойбандии тарафайн ба тавофуқи БАРҶОМ, гуфт, БАРҶОМ на фақат барои Эрон, балки барои Белгия ва Иттиҳодияи Аврупо аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст ва Белгия талош хоҳад кард, то Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамаи тааҳҳудоти худ амал кунад.

Siegfried Bracke бо таъкид бар ин ки тасмими қатъии Белгия тақвияти муносиботи дуҷониба бо Эрон аст, низ изҳор кард, Белгия мусаммам аст, ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷонибаи муртабит бо Иттиҳодияи Аврупоро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон тавсеа диҳад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Белгия, ҳамчунин бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши муҳимме дар ҳавзаи сиёсӣ ва роҳбурдии минтақаӣ ифо мекунад, гуфт, ҳамкорӣ бо Эрон дар ин ҳавза ба нафъи ҳамаи кишварҳое аст, ки бо терроризм муқобила мекунанд.

 

Барчасп