Сентябр 16, 2017 18:54 Asia/Dushanbe
  • Тавони дифоъии Эрон ; муқобила бо тарҳҳои Амрико дар минтақа

Фармондеҳи нируи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфтааст: Амрико барномаҳои муҳимме барои минтақаи Ховари Миёна дошт, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳама тарҳҳои Амрикоро бо шикаст ру ба ру кард.

 Генерал Амиралии Ҳоҷизода- фармондеҳи нируи ҳаво- фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо бо таъкид бар ин нукта афзуд, Сипоҳи посдорон дар тӯли чанд соли гузашта ба марказҳои контроли фармондеҳии артиши Амрико нуфуз кардааст.

 Фармондеҳи нируи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо баёни инки Сипоҳи инқилоби исломии Эрон санадҳое аз фаъолиятҳои низомии Амрико дар минтақа ба даст овардааст, таъкид кард: Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ асноде аз ҳимояти Амрико аз гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ ва Сурия дорад; агар иҷоза пайдо кунад онҳоро мунташир хоҳад кард, ки ин мавзӯъ барои Амрико шармандагии бузурге аст.

 Фармондеҳи нируи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба иддаои Амрико барои дар ихтиёр доштани «модари бомбаҳо» изҳор кард: Эрон «падари бомбаҳо» ро дорад ва саноъати дифоъии Эрон, бомбаҳоеро ба фармоиши нируи ҳаво- фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тавлид кардааст, ки ҳудуди 10 тонна вазн дорад.

 Тақвияти тавони размии сипоҳ ва артиши Ҷумҳурии исломӣ бо баҳрагирӣ аз фановариҳои навин, аз нишондодҳое аст, ки амнияти миллии Эронро тазмин мекунад.Изҳороти фармондеҳи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ таъкиди дубора бар ин воқеъияти муҳим аз иқтидори миллати Эрон аст. Ин дастоварди азим нақши таъйинкунандае дар муқобила бо душманон дорад ва агар кишваре фикри таарруз ва таҷовуз ба Эронро дошта бошад, ҷавоби пушаймонкунанда хоҳад гирифт. Ҳафтаномаи англисии « Jain Diffens » дар ин бора зимни иқрор ба тавонмандии мушакии Эрон менависад : "... Дифои зиддифазоии Эрон ба радарҳои пешрафта аз ҷумла ба сомонаи радарии «30n6 » , ки вежаи шиносоӣ аст, муҷаҳҳаз аст. "

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар баёноте дар дидори ширкаткунандагон дар ҳамоиши саросарии фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, дар рӯзи 18-уми сентябр 2016 , сипоҳро «сангари мустаҳками инқилоб» ва «унсури шохиси дифоъ аз амнияти дохилӣ ва хориҷӣ ва ҳувияти барҷаставу мумтоз ва мавриди ниёз барои пешрафти Эрон ва ҳаракат ба сӯи ормонҳо» донистанд .

 Сипоҳи посдорон , аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои дифоъӣ нақшаҳои шуми қудратҳои истикбориро борҳо беасар ва ононро ба шикастҳои шармандабор дучор кардааст. Ҳамон гуна, ки генерал Ҳоҷизода таъкид кардааст ;Эрон бо кори ҷиҳодӣ дар ҳавзаи  силоҳҳои мушакӣ ва сомонаҳои радарӣ ба сатҳи болои ҷаҳонӣ расидааст. Имрӯз Эрони исломи бо вуҷуди таҳримҳо ва фишорҳо муқтадиртар ва низоми Ҷумҳурии исломӣ решадортар шудааст .Нишонаҳои ин тавонмандиро метавон дар пирӯзиҳои ифтихорофарин дар майдони набард бо душман ва барқарории амният дар густараи марзҳои Эрон дид .Посухи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба қароргоҳи террористҳои ДИИШ дар Дайрулзури Сурия дар посух ба иқдоми террористии моҳ июни гузашта дар Теҳрон , ин тавонмандиро бо салобат ба намоиш гузошт.