Сентябр 16, 2017 19:43 Asia/Dushanbe
  • Хурсандии намояндаи Маҷлиси Афғонистон аз ҳалли мушкилоти муҳоҷирони афғон дар Эрон

Яке аз намояндагони Маҷлиси Афғонистон, аз ҳалли мушкилоти аслии муҳоҷирон афғон дар Эрон хабар дод.

Насруллоҳ Содиқизода, яке аз намояндагони Маҷлиси Афғонистон рӯзи шанбе,омӯзиши кӯдакони муҳоҷири ин кишварро аз муҳиммтарин дағдағаҳо донист ва гуфт, бо мусоидати Эрон ва тасҳили раванди бархӯрдории кӯдакони муҳоҷири афғон, аз низоми омӯзиши ин кишвар; Бахши муҳимме аз мушкилоти онҳо муртафеъ шудааст.

Насруллоҳ Содиқизода бо қадрдонӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои сабти номи 370 ҳазор донишомӯзи афғони фоқиди мадраки қонунӣ дар мадорис Эрон, афзуд, бархӯрдорӣ аз омӯзиш, як ниёзи зарурӣ аст.

Содиқизода афзуд, таҳсили донишомӯзони афғон дар Эрон, бидуни шак дар тавсеаи Афғонистон муассир аст.

Содиқизода гуфт, Эрон ҳамонтавр, ки худ гуфтааст, ҳомии мазлумон ва мустазъафон аст ва дар амал ҳам ин мавзеъро собит карда ва дар 37 соли гузашта, аз муҳоҷирони афғон ҳимоят кардааст. Ҳудуди се миллион муҳоҷири афғон дар кишуварҳои Эрон ва Покистон зиндагӣ мекунанд.

Аз ҳудуди чаҳор даҳа пеш бо ишғоли Афғонистон аз сӯи неруҳои Шӯравӣ ва ҳамчунин ишғоли низомиёни амрикоӣ аз соли 2001, миллионҳо нафар аз Афғонистон овора шуданд.

 

Барчасп