Бозтоби ҳушдори мақоми муаззами Раҳбарӣ ба Амрико дар расонаҳои Чин
Ҳушдори мақоми муаззами Раҳбарӣ дар бораи ҳаракати «ғалати Амрико» дар хусуси БАРҶОМ, бозтоби густурдае дар расонаҳои Чин доштааст.
Ба гузориши хабаргузории Синхуа, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қувваҳо рӯзи якшанбе дар маросими донишомӯхтагии донишҷӯёни Донишгоҳи улум интизомӣ, дар бораи густохӣ ва вақоҳати Амрико дар қазияи БАРҶОМ таъкид карданд: Ҳар ҳаракати ғалати Вашингтон дар БАРҶОМ бо аксуламали Ҷумҳурии Исломии Эрон мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Торнамоҳои Глобал-Таймс, Чайна.орг ва Инглиш-Нюси Чин дар гузоришҳои худ овардаанд, раҳбари Эрон таъкид кард, Амрико бо рафтори қулдурмаобона монеи лағви бархе аз таҳримҳо шуда ва Вашингтон бояд бидонад миллати Эрон бо қудрат ва иқтидор истода ва бо ҳар иқдоми Амрико муқобила хоҳад кард.
Глобал-Таймс менависад, пас аз солҳо Эрон ва қудратҳои бузурги дунё тавонистанд БАРҶОМ-ро имзо кунанд, аммо дар ҳоли ҳозир Амрико талош дорад то бо эъмоли таҳримҳо ин тавофуқро бо чолиш рӯбарӯ кунад.
Рӯзномаи Чайна-Дейлии Чин низ бо ҳушдор ба зиёдаталабиҳои Доналд Трамп аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, набояд ба Амрико иҷоза дод ба БАРҶОМ беэътиноӣ кунад, зеро ин амр паёмадҳои баде барои ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилалӣ хоҳад дошт.
Баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар расонаҳои мухталифи ҷаҳон ҳам бозтоби густурдае доштааст.
Аз замони иҷроӣ шудани Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) дар январи 2016, Амрико ҳамвора бар хилофи ин тавофуқи байналмилалӣ амал карда. Аммо Эрон ҳамвора ба БАРҶОМ пойбанд будааст ва мақомоти Эрон борҳо ҳушдор додаанд, ҳар гуна барҳам хӯрдани БАРҶОМ ба зарари онон аст ва Эрон ба суръат дар барномаи ҳастаӣ ба вазъият қабл аз музокирот бозхоҳад гашт.