Сентябр 18, 2017 18:16 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби густурдаи баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар расонаҳои ҷаҳон

Баёноти рӯзи якшанбеи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар маросими хатми донишҷӯёни Донишгоҳи улуми интизомӣ бозтоби густурдае дар расонаҳои минтақа ва ҷаҳон доштааст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қуво рӯзи якшанбе дар маросими хатми донишҷӯёни Донишгоҳи улуми интизомӣ дар бораи густохию беҳаёии Амрико дар қазияи БАРҶОМ таъкид карданд, ҳар ҳаракати ғалат дар БАРҶОМ бо аксуламали ҷумҳурии исломӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ба дунболи баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ хабаргузориҳои испанияии «Аврупо пресс» ва EFE дар гузорише эълом карданд, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, Раҳбари олии Эрон ҳушдор дод, кишвараш ба ҳар гуна ҳаракати ғалати “шайтони бузург” дар бораи тавофуқи ҳастаии Эрон ва қудратҳои аслии ҷаҳон посух хоҳад дод. ANSA, хабаргузории расмии Италия ҳам дар матлабе ба унвони "Оятуллоҳ Хоманаӣ: Эрон дар баробари ҳар гуна иқдоми нодуруст вокуниш нишон медиҳад" навишт: “Раҳбари олии Эрон ҳушдор дод, ки ҳар ҳаракати ғалат дар БАРҶОМ бо аксуламали ҷумҳурии исломӣ мувоҷиҳ хоҳад шуд”. Нашрияи “Глобалист”-и Италия низ ба унвони "Оятуллоҳ Хоманаӣ дар посух ба Трамп: Эрон дар робита ба БАРҶОМ содиқона ба пеш меравад" навишт: “Раҳбари олии Эрон дар вокуниш ба назарияи бознигарии БАРҶОМ аз сӯйи Амрико гуфт, масъулони фосид, дурӯғгӯ ва фиребкори Амрико бешармона миллати Эрону низоми ҷумҳурии исломиро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам мекунанд, дар ҳоле ки миллати Эрон содиқона ҳаракату иқдом карда ва низ содиқона ин масирро то охир хоҳад паймуд”.

Баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва мавзеъгирии эшон дар қиболи коршиканию бадаҳдии давлатмардони Амрико дар иҷрои БАРҶОМ ва душманӣ бо мардуми Эрон бозтоби васее дар расонаҳо ва матбуоти Юнон низ дошт. Рӯзномаи “Aksam” ва сойти хабарии "Хабар.7 Туркия" ҳам баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломиро инъикос карда навиштанд: “Раҳбари Эрон бо баёноти тунд нисбат ба бадаҳдии Амрико дар иҷрои муқаррароти тавофуқномаи ҳастаии Эрон бо кишварҳои ғарбӣ ва 5+1 ҳушдор дод”.

Баёноти мақоми муаззами раҳбарӣ рӯзи якшанбе бозтоби густурдае дар расонаҳои мисрӣ ҳам дошт. Ин расонаҳо навиштанд, Раҳбари олии Эрон таъкид кард, ки ҳар гуна иқдоми иштибоҳи Амрико дар хусуси барномаи ҳастаӣ бо вокуниши шадиди Теҳрон рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва Эрон бо қудрат посух хоҳад дод. Пойгоҳи хабарии “ал-Ақабот-ул-муттаҳидун”-и Миср низ ба нақл аз Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ навишт, набудани амният дар минтақа натиҷаи дахолатҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ аст, то манофеи ғайрмашрӯашонро таъмин кунанд. Онҳо ДИИШ-ро ба вуҷуд оварданд ва ДИИШ акнун бо ҳиммати муқовимату ҷавонони муъмин дар ҳоли ба поёни хат расидан аст. Расонаҳои Ироқ ҳам дирӯз, якшанбе дар бахшҳои мухталифи хабарӣ, зимни инъикоси баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ онро посухе ба мавзеъгириҳои Ҳукумати Амрико дар қиболи БАРҶОМ донистанд. Ҳамчунин баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар расонаҳои Лубнон, аз ҷумла “ал-Маёдин” ҳам бозтоби густурдае дошт.

Аз замони иҷроӣ шудани Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак дар моҳи январи соли 2016 Амрико ҳамвора бар хилофи ин тавофуқи байналмилалӣ амал кардааст, аммо Эрон ҳамвора ба БАРҶОМ пойбанда будааст. Масъулони ҷумҳурии исломӣ борҳо ҳушдор додаанд, ҳар гуна барҳам хӯрдани БАРҶОМ ба зарари онон аст ва Эрон ба суръат дар барномаи ҳастаӣ ба вазъияти қабл аз музокирот хоҳад баргашт.

 

Барчасп