Вокуниши Зариф ба суханони бешармонаи Трамп зидди Эрон(гузориши вижа)
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i23341-Вокуниши_Зариф_ба_суханони_бешармонаи_Трамп_зидди_Эрон(гузориши_вижа)
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба изҳороти ғайридипломатии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт, суханони Трамп чунон бешармона, шиорӣ ва бемуҳтавоест, ки арзиши посух надорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 20, 2017 15:21 Asia/Dushanbe

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба изҳороти ғайридипломатии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт, суханони Трамп чунон бешармона, шиорӣ ва бемуҳтавоест, ки арзиши посух надорад.

Трамп дар суханронии худ дар ҳафтодудувумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид барои чандумин бор бар хилофи мавозеи тарафҳои дигар Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом)-ро тавофуқе ваҳшатнок ва онро “мояи шармсорӣ барои Амрико” хонд.

Раиси ҷумҳурии Амрико ҳамчунин Ҷумҳурии исломии Эронро, ки яке аз қутбҳои аслии мубориза бо террористҳо дар минтақа аст, ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард.

Ҳамкорамон Ғафурӣ дар гузориши вижа ба ин мавзӯъ пардохтааст.