Сентябр 20, 2017 20:17 Asia/Dushanbe
  • Шашумин нерӯгоҳи хуршедии бузурги ҷаҳон дар Эрон сохта мешавад

Қарордоди сохти бузургтарин нерӯгоҳи хуршедӣ дар Эрон ва шашумин дар ҷаҳон, рӯзи чаҳоршанбе дар Лондон имзо шуд.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси эъломи ширкати “Quercus”-и Британия, ки муҷрии ин тарҳ аст, ин қарордоди 800 миллиондолларӣ бузургтарин ҳамкорӣ миёни як ширкати бритониёӣ ва Эрон пас аз тавофуқи ҳастаӣ ва лағви таҳримҳои золимонаи Ғарб алайҳи ҷумҳурии исломӣ аст.

Ин қарордод як рӯз пас аз иттиҳомзаниҳои Трамп ба Эрон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид имзо шуд.

Бо сохти ин нерӯгоҳи хуршедӣ дар соли 2020 Ҷумҳурии исломии Эрон соҳиби яки аз бузургтарин нерӯгоҳҳои хуршедии ҷаҳон хоҳад шуд, ки зарфияти тавлиди 600 мегават барқро дорад.

Дар ин ойин Ҳамиди Баъидинажод, сафири Эрон дар Лондон, Алекс Чишолм, вазири тиҷорат, энержӣ ва роҳбурди санъатии Британия, Ричард Бекон, раиси гурӯҳи дӯстии порлумонии Британия ва Эрон ва Лорд Леймонт,фиристодаи вижаи давлати Британия дар умури тиҷории Эрон суханронӣ карданд.

14-уми июли соли 2016 Анҷумани миллии созандагони энержиҳои хуршедии Британия ва Вазорати нерӯи Эрон дар робита бо бунёди нерӯгоҳи хуршедӣ, эҳдоси корхонаи тавлиди панелҳои хуршедӣ ва интиқоли дониши насби системаҳои муртабит бо энержиҳои хуршедӣ дар Эрон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карда буданд.

 

Барчасп