Раҷаб Сафаров: Эрон яке аз қутбҳои қудратманди ҷаҳон аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i23371-Раҷаб_Сафаров_Эрон_яке_аз_қутбҳои_қудратманди_ҷаҳон_аст
Раиси Утоқи равобити Русия ва Эрон гуфт, Эрон абарқудрати минтақа ва яке аз қутбҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 21, 2017 15:34 Asia/Dushanbe

Раиси Утоқи равобити Русия ва Эрон гуфт, Эрон абарқудрати минтақа ва яке аз қутбҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Ба гузориши хабарнигори радио тоҷикии "Садои Хуросон", Раҷаб Сафаров дар мизи кишварии тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия, ки имрӯз (панҷшанбе) дар Машҳад баргузор шуд, афзуд, агар нақши ҳузури Эронро дар минтақаи Ховари Миёна ва дунёи Ислом ҳазф кунем ё нодида бигирем, вазъи Ховари Миёна ва дунёи Ислом баҳам хоҳад хӯрд.

Вай бо баёни инки Эрон қутби муҳимме дар суботи минтақа ва ҷаҳони Ислом аст, гуфт, бо ҳузури Эрон аст, ки бархе кишварҳо ҷасорат намеёбанд барномаҳои бади худро барои минтақа амалӣ кунанд.

Сафаров гуфт, сиёсати Эрон дар буҳронитарин шароити байналмилалӣ ва бо вуҷуди анвои таҳдидҳо ва таҳримҳо тавониста, мустақил ва бо иқтидор ба худ муттакӣ бимонад, бисёр арзишманд аст ва ин вижагӣ аз қудрати мардуми Эрон дар ҷомеа, минтақа ва паҳнаи байналмилаӣ ҳикоят дорад.

Вай таъкид кард, ҳеч кишваре бо Эрон вориди ҷанг нахоҳад шуд ва ин на ба хотири алоқа ба Эрон аст, балки ба далели он аст, ки ҷасорати чунин иқдомеро нахоҳанд дошт.

Сафаров сатҳи равобити иқтисодии Эрон ва Русияро низ қобили қабул донист ва ибрози умедворӣ кард, бо бар поии нишастҳои муштарак ва табодули орову афкори бозаргонони ду кишвар, шинохти мутақобил аз бозорҳо ба даст ояд ва мавонеи тиҷорӣ ва қавонини маҳдудкунанда бартараф шавад.

Раҷаб Сафаров ҳамчунин собиқаи 22 сол ҳамкории ду кишварро ёдовар шуд ва хотирнишон кард, ҳузури Эрон дар Сурия ва нақши фаъоли минтақаӣ, ки Эрон дорад муҷиб шудааст, ки Русия низ бо роҳбурдҳои сулҳомези Эрон дар минтақа ҳамсӯ шавад ва мунфаъил набошад.