Намоиши техникаи низомӣ дар ҷараёни режаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон
(last modified Fri, 22 Sep 2017 14:24:51 GMT )
Сентябр 22, 2017 19:24 Asia/Dushanbe
  • Намоиши техникаи низомӣ дар ҷараёни режаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон

Воҳидҳои нерӯи заминии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар ҷараёни маросими режаи нерӯҳои мусаллаҳ дар ҷавори ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар Теҳрон техникаи низомии худро дар баробари ҷаҳониён ба намоиш гузоштанд.

Техникаи низомии воҳидҳои нерӯи заминии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон шомили танкҳои «Рахш», «Рахши вокунишӣ», «Шабдиз», мошинҳои ҷангии «Заволҷиноҳ», «Буроқ», мушаки «Зилзол» ва ракетандози «Фаҷр-5» буд. Режаи воҳидҳои нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ Эрон низ дар ҷараёни маросими режаи нерӯҳои мусаллаҳ дар ҷавори ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ.) бо намоиши техникаи низомӣ баргузор шуд. Сомонаҳои дӯшпартоби «Сеюми хурдод», сомонаи мушаки зиддиҳавоии «Табас», сомонаи зиддиҳавоии «Сайёд», сомонаи мушакии «Сайёд», сомонаи мушакии «Раъд-1», сомонаи мушаки зиддиҳавоии “Tor-М1”, сомонаи радарии «Башир», сомонаи «Соиқа», мушаки «Зулфиқор», мушаки баллистикии «Хуррамшаҳр», мушакҳои «Қиём», «Қадр-H” ва “Қадр-F», «Имод» ва «Сиҷҷил» аз ҷумлаи техникаи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ буд, ки ба намоиш даромад.

Сомонаи мушаки баллистикии «Хуррамшаҳр» нахустин бор дар маросими режаи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон ба намоиш даромад.

Дар идомаи маросими режаи нерӯҳои мусаллаҳ дар Теҳрон воҳидҳои нерӯи баҳрии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон ҳам режа рафтанд. Анвои шиноварҳои тундрав, анвои мушакҳои соҳил ба дарё, монанди «Қадир» ва «Наср» ва минаҳои баҳрӣ аз ҷумлаи техникаи нерӯи баҳрии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар режаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Теҳрон буд.

Имрӯз, ҷумъа, 22-юми сентябр мусодиф бо рӯзи шурӯи ҷанги таҳмилии режими баъси Ироқ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва оғози ҳафтаи дифои муқаддас аст. Ҳамзамон бо нахустин рӯз аз ҳафтаи дифои муқаддас маросими режаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ҷавори ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон ва низ саросари Эрон баргузор шуд.