Сентябр 22, 2017 20:11 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Барои дифоъ аз сарзамину миллати худ аз касе иҷоза нахоҳем гирифт

Раисҷумҳури Эрон бо баёни ин ки миллати Эрон ҳамвора дар пайи сулҳу амният дар кулли минтақаву ҷаҳон буда ва аз мазлумони ҷаҳон дифоъ кардааст, гуфт, барои дифоъ аз сарзамину миллати худ аз касе иҷоза нахоҳем гирифт ва ҳеҷ қудрате қодир нест, Эронро дар масири истодагӣ боздорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи ҷумъа дар маросими режаи нерӯҳои мусаллаҳ дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки нерӯҳои мусаллаҳ ва қудрати дифоии Эрон ҳамвора барои таҳкими иззату сулҳ будааст, изҳор кард, Эрон қудрати низомии худро ҳаргиз барои таҷовуз ба кишвару сарзамини дигаре омода накарда, балки ҳамвора ин қудрати худро барои дифоъ ва боздорандагӣ дар баробари мутаҷовизон омода кардааст.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки силоҳу қудрати низомии Эрон барои дифоъ аз худ ва миллатҳои минтақа дар баробари таҷовузи қудратҳои бузургу террористҳост, гуфт, касоне, ки бо лаҳни нодурусту ғалат бо мардуми Эрон сухан мегӯянд, замоне гурӯҳҳои террористиро сохтанд ва ба онҳо пулу силоҳу омӯзиш доданд ва террористҳо дар Афғонистон, Ироқ, Сурия ва Лубнон ба ҷони мардум дарафтода, мардуми бегуноҳро қурбонӣ карданд. Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, дар баробари ҳамаи онҳое, ки ҳар рӯз барои мардуми минтақаву саросари ҷаҳон мушкил меофаранду ифтихори онон фурӯши силоҳҳои мухарриб барои салби озодӣ ва роҳати мардум аст ва режими саҳюнистии хунхор, ки 70 сол аст, ба унвони ғуддаи саратонӣ миллатҳои минтақаро таҳти таҷовузу озор қарор дода, танҳо миллате, ки ҳамвора аз мазлумон дифоъ карда, миллати Эрон аст. Рӯҳонӣ ҳамчунин хитоб ба қудратҳои зургӯ таъкид кард: «Чӣ бихоҳед, чӣ нахоҳед, аз мардуми мазлуми Яман, Сурия ва Фаластин дифоъ хоҳем кард ва чӣ бихоҳед, ё не, қудрати дифоию низомии худ, ҳатто мушакҳоро он миқдор, ки лозим буда ва барои боздорандагӣ зарурӣ бидонем, тақвият хоҳем кард”.

 

Барчасп