Ҳимояти қотеи 134 кишвари ҷаҳон аз тавофуқи ҳастаии Эрону Ғарб
(last modified Sat, 23 Sep 2017 07:21:16 GMT )
Сентябр 23, 2017 12:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти қотеи 134 кишвари ҷаҳон аз тавофуқи ҳастаии Эрону Ғарб

Аъзоии Гурӯҳи 77 рӯзи ҷумъа дар баёнияе бар ҳимоят аз Барҷом (тавофуқи ҳастаии Эрон ва 5+1) ва лузуми рафъи таҳримҳои якҷониба алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, баёнияи поёнии вазирони умури хориҷаи Гурӯҳи 77 дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо раъйи ҳамаи кишварҳои узв тасвиб шуд.

 Вазирони 134 кишвари узви Гурӯҳи 77 дар ин баёния ҳамчунин бо таҳримҳои иқтисодии якҷониба алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон мухолифат карданд ва бардоштани фаврии ин таҳримҳоро хостор шуданд.

Нишасти вазирони умури хориҷаи Гурӯҳи 77 рӯзи ҷумъа бо ҳузури раиси Маҷмаи умумӣ ва дабири кулли Созмони Милали муттаҳид баргузор шуд.

Ҷумҳурии исломии Эрон узви Гурӯҳи 77 аст.

Гурӯҳи 77 дар соли 1964 бо мушорикати 77 кишвари дар ҳоли тавсеа дар шаҳри Женеваи Швейтсария таъсис шудааст.

Ғуломалӣ Хушрӯ, намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал гуфт, пас аз суханронии ҷанҷолии Трамп дар Маҷмаи умумии Созмони Милал, вазирони хориҷаи узви Гурӯҳи 77 бо садои баланд ва расо ҳимояти худро аз Барҷом эълом ва бар мухолифат бо ҳар гуна таҳрими иқтисодӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид карданд.

Трамп рӯзи сешанбеи гузашта дар суханронии худ дар ҳафтоду дувумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, барои чандумин бор « Барҷомро тавофуқе ваҳшатнок баршумурд.