Озмоиши муваффақиятомези мушаки баллистики дурбурд дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i23457-Озмоиши_муваффақиятомези_мушаки_баллистики_дурбурд_дар_Эрон
Мушаки баллистики эронии “Хуррамшаҳр” бо бурди ду ҳазор километр бо муваффақият озмоиш шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 23, 2017 12:58 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши муваффақиятомези мушаки баллистики дурбурд дар Эрон

Мушаки баллистики эронии “Хуррамшаҳр” бо бурди ду ҳазор километр бо муваффақият озмоиш шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, мушаки баллистики дурбурди “Хуррамшаҳр”, сеюмин мушаки Эрон бо бурди 2000 километр аст.

Сомонаи мушакии баллистики бурди баланди “Хуррамшаҳр”, рӯзи гузашта (ҷумъа) дар режаи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон рӯнамоӣ шуд.

Генерал Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯи ҳавофзоии Сипоҳ, рӯзи ҷумъа дар ҳошияи режаи неруҳои мусаллаҳи Эрон, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, мушаки “Хуррамшаҳр” бо бурди ду ҳазор километр қобилияти ҳамли чанд кулоҳаки ҷангиро дорад.

Фармондеҳи нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон афзуд, вижагии мушаки баллистики “Хуррамшаҳр” ин аст, ки ба ҷои як кулоҳак метавонад, чанд кулоҳакро барои ҳадаф қарор додани чанд ҳадаф ҳамл кунад.