Оғози содироти нафти Эрон ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i23465
Вазири энержии Русия эълом кард, содироти нафти Эрон ба он кишвар аз тариқи ширкати давлатии «Пром Серио Импорт», дар баробари коло дар ояндаи наздик оғоз мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 23, 2017 19:22 Asia/Dushanbe
  • Оғози содироти нафти Эрон ба Русия

Вазири энержии Русия эълом кард, содироти нафти Эрон ба он кишвар аз тариқи ширкати давлатии «Пром Серио Импорт», дар баробари коло дар ояндаи наздик оғоз мешавад.

Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории “ИТАР ТАСС”, Александр Новак, вазири энержии Русия, дар ҷамъи хабарнигорон ибрози умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик, охирин тавофуқҳо дар ин маврид (мубодилаи нафт дар ивази коло) бадаст ояд.

Александр Новак ба тозагӣ эълом кард, ки мумкин аст, ин кишвар дар як моҳи оянда воридоти нафт аз Эронро оғоз кунад.

Вазири энержии Русия пеш аз ин эълом карда буд, ки ду тараф барои арзаи рӯзона 100 ҳазор бушка нафти Эрон ба Русия ба тавофуқ даст хоҳанд ёфт, ки мумкин аст, дар қолаби арзаи физикӣ ё своп (муовиза) анҷом шавад.

Бежани Зангана, вазири нафти Эрон низ соли гузашта, пас аз дидор бо Александр Навок, гуфта буд, панҷоҳ дарсад аз арзиши маҳмулаҳои содиротии ёд шуда, дар замони мушаххас ба сурати нақд ба Эрон пардохт мешавад ва мобақии он, низ барои таъмини молии воридоти колоҳои русии мавриди ниёз Эрон, ҳазина хоҳад шуд.