Сентябр 24, 2017 17:53 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими снукери Эрон дар бозиҳои салонии Осиё

Тими снукери Эрон бо бартарӣ баробари Қатар ба медали тиллоии снукери тимии бозиҳои дохили салони Осиё дар Туркманистон даст ёфт.

Дар идомаи рақобатҳои биллиарди бозиҳои дохили салони Осиё дар Туркманистон, рӯзи якшанбе дидори ниҳоии бахши снукери тимии мардон баргузор шуд, ки тими Эрон бо натиҷаи се бар сифр Қатарро шикаст дод .

Рақобатҳои снукери инфиродӣ низ аз имрӯз якшанбе оғоз мешавад ва аз марҳалаи як шонздаҳуми ниҳоӣ, ду намояндаи тими Эрон ба масофи ҳарифони худ аз Туркманистон ва Гонконг мераванд .

Панҷумин давраи бозиҳои дохили салони Осиё ва Уқёнусия аз 17 сентябр бо ҳузури намояндагони 69 кишвари осиёӣ ва Уқёнусия оғоз шуд ва то 27 сентябр дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон идома дорад .

Корвони варзишкорони Эрон дар ин рақобатҳо дар 20 риштаи варзишӣ ширкат кардааст .