Сентябр 24, 2017 18:46 Asia/Dushanbe
  • Имзои нахустин қарордоди таъмини молии Эрон бо Аврупо

Мудиромили Бонки тавсеаи содироти Эрон аз имзои нахустин қарордоди таъмини молӣ (Финансис) байни Эрон ва Аврупо хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симо, Алии Солеҳободӣ афзуд: Ин қарордод ба маблағи як миллиард евро байни 14 бонки эронӣ ва “Oberbank”-и Австрия мунъақид шудааст .

Вай бо баёни инки “Oberbank” як бонки минтақаӣ дар Аврупо аст, ёдовар шуд: Ин қарордод, нахустин қарордоди таъмини молии бонкҳои Эрон бо бонкҳои аврупоӣ дар даврони пасо-БАРҶОМ аст, ки баъд аз қарордодҳои имзошуда байни бонкҳои Эрон бо Кореяи Ҷанубӣ ва Чин ба маблағи 35 миллиард доллар имзо шудааст .

Мудиромили Бонки тавсеаи содироти Эрон афзуд: Инъиқоди қарордоди бонкии кишварҳои аврупоӣ бо Эрон ба мафҳуми ҷудо кардани роҳи худ бо Амрико ва ба навъе эъломи пайбандӣ ба барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ аст .

 

Барчасп