Сентябр 25, 2017 13:23 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Рӯҳонӣ ва Эрдуғон бо ҳамапурсии ҷудоии Курдистони Ироқ

Раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ таъкид карданд, тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллии Ироқ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд хадшадор шавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон якшанбешаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳифзи тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллии Ироқ ва амнияти минтақа муҳим ва ҳаётӣ аст ва бояд ба барҳамзанандагони субот ва амнияти минтақа паёми равшане дода шавад.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки мавозеи Эрон ва Туркия дар бораи ҳамапурсӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ комилан ҳамоҳанг аст, афзуд, ҳамоҳангӣ ва ҳамроҳии кишварҳои минтақа дар вокуниш ба ин мавзӯъ муҳим ва асаргузор хоҳад буд ва бетардид кишварҳои минтақа иҷозаи шаклгирии бесуботии ҷадидеро дар минтақа нахоҳанд дод.

 Эрдуғон низ гуфт, кишвараш барои муқобила бо бесуботӣ дар Ироқ бо ташкили ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Туркия ва нишасти фавқуллодаи маҷлиси ин кишвар, иқдомот густурдаеро барномарезӣ кардааст.

Раиси ҷумҳурии Туркия гуфт, маҷлиси ин кишвар дар нишасти фавқуллодаи худ ихтиёри анҷоми амалиёти марзиро дар иртибот бо таҳаввулоти Ироқ ва Сурия ба давлати Туркия дод.

Раисони ҷумҳурии Эрон ва Туркия ҳамчунин бар густариши равобити ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо таъкид карданд.

 

Барчасп