Сентябр 26, 2017 13:51 Asia/Dushanbe
  • Қатори гардишгарии байналмилалии “Ҳазору як шаб” ба Исфаҳон расид

Қатори гардишгарии байналмилалии “Ҳазору як шаб” бо 57 гардишгар аз 11 кишвари дунё, дирӯз аср вориди шаҳри торихии Исфаҳон шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Ирно, гардишгарони ин қатор аз кишварҳои Олмон, Швейтсария, Белгия, Австрия, Австралия, Англия, Русия, Алҷазоир ва Ҳинд ҳастанд, ки аввали меҳри имсол аз масири Ишқобод, пойтахти Туркманистон ва аз тариқи марзи Боҷгирон дар устони Хуросони Разавӣ вориди Эрон шуданд .

Гардишгарони ин қатор дар муддати як ҳафта ҳузури худ дар Эрон ба тартиб аз шаҳрҳои Язд, Исфаҳон, Шероз, Посоргод ва Теҳрон дидан мекунанд .

Онон ҳамчунин ҳангоми ҳузури худ дар Исфаҳон аз биноҳои торихӣ ва ҷаззобиятҳои фарҳангии ин хитта дидор ва сипас ба устонҳои Форсу Теҳрон азимат мекунанд .

Ин гардишгарон нуҳуми меҳр Эронро тарк хоҳанд кард .

Устони Исфаҳон бо беш аз 22 ҳазор бино ва асари торихӣ, ки як ҳазору 850 мавриди он ба сабти миллӣ ва чаҳор асари он ба номҳои майдони Нақши Ҷаҳон, Кохи Чиҳилсутун, Боғи Фини Кошон ва Масҷиди Ҷомеъ ба сабти ҷаҳонт расида, конуни таваҷҷуҳи гардишгарони дохилӣ ва хориҷӣ аст .