Зариф : Эрон ба Амрико боварӣ надорад
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт : Тавофуқи ҳастаӣ - «БАРҶОМ» - бар асоси боварӣ ба вуҷуд наомадааст ва Эрон низ ба Амрико боварӣ надорад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммадҷаводи Зариф чаҳоршанбешаб дар андешакдаи таҳқиқоти амрикоии мавсум ба «Анҷумани Осиё» дар Нию-Йорк афзуд: Амрико акнун бояд бо эъломи тасмими худ дар бораи «БАРҶОМ» нишон диҳад, ки оё ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба Вашингтон эътимод(бовар) кунад, ё наметавонд.
Зариф бо баёни инки Эрон ҳеҷ тавофуқи байналамиллалиро поймол накардааст ва ниёзе ба маҳдудиятҳои бештар надорад, таъкид кард: Эрон силоҳҳои ҳастаиро ба нафъи манфиъатҳои амнияти миллии худ намедонад ва дар сурати хурӯҷи Амрико аз «БАРҶОМ» , тасмимҳои лозимро бар асоси шароит хоҳад гирифт.
Вай ҳамчунин саркӯби мӯътаризон дар Баҳрайн ва таниш миёни Қатар ва Арабистонро натиҷаи сиёсатҳои иштибоҳи давлати Доналд Трамп-раиси ҷумҳурии Амрико дар Ховари Миёна донист ва гуфт: Минтақаи Ховари Миёна ниёзманди паём ва гуфтугӯ аст.
Раиси дастгоҳи дипломосии Эрон ба сиёсатҳои иштибоҳи Арабистон дар Яман ва Сурия ишора кард ва афзуд: Арабистони саудӣ ба унвони як бозигари муҳим дар минтақа бояд аз хаёли каноргузории Эрон аз минтақа хориҷ шавад, зеро таъмини амнияти минтақа ниёзманди ҳамкорӣ аст. Зариф гуфт: Роҳи ҳалли Эрон барои ҳалли буҳрони Яман ва Сурия бархилофи Арабистони саудӣ, барқарории оташбас, кумакҳои башардӯстона, гуфтугӯҳои сиёсӣ ва баргузории интихобот барои ташкили давлати фарогир аст.
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқро «иштибоҳи муҳимми роҳбурдӣ» тавсиф кард ва гуфт: Паёмадҳои ин иштибоҳ танҳо ба Курдистони Ироқ маҳдуд нахоҳад шуд.