Сентябр 29, 2017 18:54 Asia/Dushanbe
  • Дастёбии Эрон ба рутбаи 18 илмӣ дар ҷаҳон

Мушовири вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон гуфт: Дар ҳоли ҳозир, рутбаи илмии Эрон ба ҷойгоҳи 18 дар сатҳи ҷаҳон расидааст.

Ба нақл аз хабаргузории Ирно, Абдулҳусайни Фаридун афзуд: Акнун беш аз 235 тарҳи муштарак тавассути ширкатҳои донишбунён ва воҳидҳои фанноварии Эрон дар қолаби қарордоди ҳамкории муштарак бо кишварҳои хориҷӣ, иҷро шудааст .

Вай бо ишора ба фаъолияти рӯ ба рушди ширкатҳои донишбунён ва паркҳои илму фанноварӣ дар Эрон изҳор дошт: 39 парки илму фанноварӣ дар ин кишвар вуҷуд дорад, ки ин паркҳо дар ҳудуди 215 миллион доллар содиротро ба анҷом расондаанд .

Эрон ҳамчунин яке аз кишварҳои пешрав дар фанноварии нано буда ва рутбаи нанои ҷумҳурии исломии Эрон аз назари тавлидоти илмӣ дар ҷаҳон шашум аст .

 

Барчасп