Сентябр 30, 2017 17:50 Asia/Dushanbe
  • Фаро расидани Тосуои Ҳусайнӣ таслият бод

Дар нуҳумин рӯзи муҳаррам ва рӯзи Тосуои Ҳусайнӣ, Эрони исломӣ дар гиромидошти ному ёди ҳазрати Имом Ҳусайн (а) ва ҳазрати Аббос бин Алӣ (а) дар шӯру ғавғо аст.

Имрӯз шанбе баробар бо нуҳумин рӯзи моҳи муҳаррамулҳароми соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ ва 30 сентябри 2017, рӯзи Тосуои Ҳусайнӣ (а) аст.

Мардуми муъмини Эрони исломӣ дар саросари ин кишвар бо ҳузур дар ҳусайнияҳо, масҷидҳо ва ҳамаи маконҳои муқаддас, дар сӯги Саид ва Солори шаҳидон ва дигар шуҳадои Карбало ба хусус ҳазрати Аббос бин Алӣ бародари гиромии Имом Ҳусайн (а) азодорӣ мекунанд.

Ҳама бозорҳо, идораҳо, мадорис, донишгоҳҳо, ҳавзаҳои илмия ва воҳидҳои тавлидӣ ва санъатӣ дар Тосуо ва Ошурои Ҳусайнӣ дар Эрон таътил ва сиёҳпӯш аст.

Бо гузашти қарнҳо аз воқеаи ҷонсӯзи Карбало ва шаҳодати Имом Ҳусайн(а) ва ёрон вафодораш, натанҳо аз аҳамият ва ҷойгоҳи ин воқеа коста нашудааст, балки ҳарчи мегузарад паёми Ошуро густурдатар ва оинҳои азодорӣ бо шӯр ва дарки бештаре баргузор мешавад.

Радио тоҷикии “Садои Хуросон” фаро расидани Тосуои Ҳусайниро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.

 

Барчасп