Сентябр 30, 2017 18:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Эрон дар бораи идомаи буҳрони инсонӣ дар Миёнмор

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, идома ёфтани вазъияти буҳронӣ ва асафноки мусулмонони руҳингиёии Миёнмор ва бетаваҷҷӯҳии давлати ин кишвар ба ҳушдорҳо метавонад, яке аз бадтарин буҳронҳои инсонии асри ҳозирро рақам бизанад.

Баҳроми Қосимӣ рӯзи шанбе дар вокуниш ба идома ёфтани вазъияти буҳронии мусулмонони Миёнмор гуфт, бо вуҷуди огоҳисозиҳо, ҳушдорҳо ва дархости кишварҳо, созмонҳо, шахсиятҳо ва афкори умумии байналмилалӣ, шоҳиди идомаи бетаваҷҷуҳии давлати Миёнмор ба хостаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем, ки ин амре ғайриқобили пазириш аст.

Вай афзуд, ройзанӣ бо дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфтугӯи телефонии раёсатҷумҳурӣ ва вазири умури хориҷаи Эрон бо сарон ва вазирони хориҷаи кишварҳои исломӣ дар Теҳрон ва Ню-Йорк, ирсоли кумакҳои инсондӯстонаи миллати Эрон ба оворагони миёнморӣ ва талоши расонаҳои дохилӣ ва байналмилалии Эрон барои инъикоси вазъияти асафбори оворагони руҳингиёӣ дар Бангладеш ба ҷаҳон, танҳо бахше аз талошҳои сиёсӣ ва дипломатии Эрон барои кумак ба ҳалли ҳарчӣ сареътари ин буҳрон будааст.

Бар асоси оморҳои эълом шуда, дар натиҷаи ҳамалоти артиш ва буддоиёни ифротии Миёнмор ба мусулмонони руҳингиёӣ дар устони Рохин дар ғарби ин кишвар, ки аз 25 августи гузашта оғоз шудааст, беш аз шаш ҳазор мусулмони руҳингиёӣ кушта ва дастикам ҳашт ҳазор нафари дигар захмӣ шуда ва беш аз 430 ҳазор нафар низ ба Бангладеш фирор кардаанд.