Октябр 03, 2017 20:55 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Таваҷҷуҳи ҷавонон ба Инқилоби Исломӣ шигифтангез аст

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба талошҳои фаровони душманон барои бозгардондани миллати Эрон, бавижа ҷавонон аз роҳи ҷиҳоду шаҳодат, ба фаромӯшӣ супурдани Имом Хумайнӣ (раҳ.) ва гум кардани хати рӯшани инқилоб гуфтанд, дар чунин шароите маҷзуб будани дилҳои бахши зиёде аз ҷавонон ба мафоҳими инқилобӣ ҳайратангез аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ зуҳри рӯзи сешанбе дар дидор бо хонаводаи шаҳид Муҳсин Ҳуҷаҷӣ, аз посдорони эронӣ, ки террористҳои ДИИШ ӯро сар буриданд, ҳамчунин гуфтанд: “Худованд ба воситаи муҷоҳидати шаҳид Ҳуҷаҷӣ миллати Эронро азизу сарбаланд кард ва ӯро намоди насли ҷавони инқилобӣ ва муъҷизаи ҷории Инқилоби Исломӣ қарор дод”. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба фарогир шудани номи барҷаста, мумтоз ва дурахшони шаҳид Ҳуҷаҷӣ дар саросари Эрон бар асари муҷоҳидату шаҳодати мазлумонаи ӯ гуфтанд: “Ҳама шуҳадо мазлум ҳастанд ва ғайр аз Муҳсин Ҳуҷаҷӣ шуҳадои дигаре низ ҳастанд, ки душман сар аз танашон ҷудо карда ва ҳамагӣ назди Худованд азизу соҳиби дараҷот ҳастанд, аммо Худои мутаол бар асоси ҳикмати худ ва хусусиёти ин ҷавон ӯро намоянда ва сухангӯи ин шаҳидон кард”. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ афзуданд: “Ҳама шаҳидоне, ки аз Эрон, Афғонистон, Ироқ ва манотиқи дигар дар мубориза бо ашрори такфирию дастнишондаи Амрико ва Англия ба шаҳодат расиданд, дар шаҳид Ҳуҷаҷӣ хулосаву дида мешаванд ва Худованд ӯро намоди шаҳодати мазлумонаву шуҷоона кард”.

Муҳсин Ҳуҷаҷӣ, яке аз посдорони эронӣ рӯзи 9-уми августи соли 2017, пас аз асорат ба дасти аносири гурӯҳи террористии ДИИШ дар марзи Сурия ва Ироқ ба шаҳодат расид.

 

Барчасп