Раиси ҷумҳурии Туркия вориди Теҳрон шуд
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия ба ҳамроҳи ҳайати олирутба барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз -чаҳоршанбе вориди Теҳрон шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маҷмӯаи фарҳангӣ- таърихии Саъдободи Теҳрон аз Раҷаб Тайиб Эрдуғон истиқболи расмӣ кард.
Тавсеаи муносиботи иқтисодӣ ва табодули назар дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ меҳвари гуфтугӯҳои раисони ҷумҳурии Эрон ва Туркия хоҳад буд.
Ҳамчунин қарор аст дар ин сафар тафоҳумномаҳои Эрон ва Туркия дар дидорҳои ахири мақомоти олирутбаи ду кишвар баррасӣ шавад.
Раиси ҷумҳурии Туркия дар сафар ба Теҳрон дар хусуси ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ низ бо мақомоти олирутбаи Эрон музокира хоҳад кард.
Нишасти Шӯрои олии ҳамкории роҳбурдии Туркия ва Эрон ҳам дар сафари Эрдуғон ба Теҳрон баргузор хоҳад шуд.