Октябр 04, 2017 21:00 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон ва Туркия, лангари суботи минтақа ҳастанд

Раисҷумҳури исломии Эрон, ду кишвари Эрон ва Туркияро дӯст ва қудратманд дар минтақа донист ва гуфт, Эрон ва Туркия лангари суботи минтақаи ҳассоси Ховари Миёна ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар нишасти хабарии муштарак бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар Теҳрон таъкид кард, ҳадафи ниҳоии ду кишвар эҷоди сулҳ, субот ва амният дар минтақа аст .

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин бо ишора ба буҳрони Сурия ва талоши ғайриқонунии мақомоти Курдистони Ироқ барои ҷудоӣ аз ин кишвар тасреҳ кард, Эрону Туркия ҳаргуна тағйир дар марзҳои ҷуғрофиёии минтақаро нахоҳанд пазируфт.

Рӯҳонӣ бо баёни инки Эрону Туркия таҷзияталабӣ ва ташдиди ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ дар минтақаро натиҷаи талош бегонагон медонанд, афзуд: Аз дидгоҳи ду кишвар, Ироқ ва Сурия бояд якпорча боқӣ бимонанд .

Раисҷумҳури Туркия низ дар ин нишасти хабарӣ бо ишора ба мавзеи муштараки Эрон ва Туркия дар қиболи ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ, тасреҳ кард, Туркия ва Эрон ҳамапурсии ҷудоиро номашруъ медонанд .

Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба равобити рӯ ба густариши Эрону Туркия ишора карду гуфт: Бо афзоиши ҳаҷми равобити Эрону Туркия таи ин солҳо, равобити ду кишвар дар як меҳвари мусбат ба суръат густариш хоҳад ёфт .

Эрону Туркия барои таъмиқи сатҳи муносиботи худ чаҳор ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ҳам имзо карданд .

Ёддошти тафоҳуми ҳамкории гумрукӣ миёни Вазорати умури иқтисодӣ ва дороии Эрон ва Вазорати гумрук ва тиҷорати Туркия, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Бонки марказии Эрон ва Бонки марказии Туркия, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон ва идораи кулли архиви давлатии нахуствазири Туркия ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни садо ва симои Эрон ва созмони радио ва телевизиони давлатии Туркия асноде буд, ки дар ростои таъмиқи ҳар чи бештари сатҳи муносиботи Теҳрон–Анкара ба имзо расид.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ҳамроҳи ҳайъате олирутба барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз вориди Теҳрон шуд .

 

Барчасп