Судури қатънома барои озодии зиндониёни амрикоӣ дар Эрон
(last modified 2017-10-06T15:24:51+00:00 )
Октябр 06, 2017 20:24 Asia/Dushanbe
  • Судури қатънома барои озодии зиндониёни амрикоӣ дар Эрон

Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси Сенати Амрико қатъномаеро барои озодии зиндониёни амрикоӣ дар Эрон тасвиб кард.

Ба гузориши вебгоҳи хабарӣ-таҳлилии “Frey Bacon”, Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси Сенати Амрико рӯзи панҷшанбе қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он аз давлати Эрон хоста мешавад, зиндониёни амрикоиро ҳарчи сареътар озод кунад.

Дар ин қатънома аз Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико хоста шуда, то озодии зиндониёни амрикоӣ дар Эронро дар аввлавиятҳои давлат қарор дода ва фишорҳои бештаре ба Теҳрон ворид кунад.

Бар ин асос, мухолифони тавофуқи ҳастаии Эрон ва онҳое, ки озодии зиндониёни амрикоиро хостор ҳастанд, умедворанд давлати Трамп битавонад бо фишор овардан рӯи тавофуқи ҳастаӣ, дар ин заминаи озодии атбои амрикоӣ имтиёзҳоеро бадаст оварад.

Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо эълом кардаанд, ба фишорҳои Амрико барои озодии муҷримони ин кишвар дар Эрон ҳеҷ эътиное нахоҳад кард; Эрон, низоми мустақил аст ва бар асоси қавонини худаш идора мешавад ва тобеи фишорҳои Амрико нахоҳад буд.

Кохи Сафед чанде пеш дар баёнияе таҳдидомез, озодии зиндониёни амрикоӣ, аз ҷумла Роберт Левинсон (маъмури собиқи ФБР), Сиёмак ва Боқири Намозӣ дар Эронро хостор шуд.

Сиёмак ва Боқири Намозӣ шаҳрвандони эронӣ- амрикоӣ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо давлати мутахосими Амрико, ба 10 сол ҳабс дар Эрон маҳкум шуданд.

 

 

Барчасп