Октябр 07, 2017 11:58 Asia/Dushanbe
  • Барномаи мушакии Эрон қобили музокира нест

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон гузориши ғалату ҷиҳатдори “Рейтерс”-ро дар бораи ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳозир аст дар хусуси барномаи мушакиаш гуфтугӯ кунад, рад кард.

Баҳроми Қосимӣ гуфт, Эрон борҳо дар мавозеи ошкору дидорҳои дипломатӣ бо мақомоти хориҷие монанди мусоҳибаву дидорҳои Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар сафари ахираш ба Ню-Йорк, бар ғайриқобили музокира будани барномаҳои дифоии Эрон таъкид кардааст ва онро муғойири Қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милал намедонад.

Вай бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон барномаҳои дифоӣ- мушакиро ҳаққи мусаллами худ медонад, афзуд: “Эрон қатъан барномаҳои мушакиашро дар чорчӯби роҳбурдҳои дифоӣ, мутаорифу таъйиншуда идома хоҳад дод.

Дар идомаи сенарияи зиддиэронии Вашингтон ва ҳомиёнаш дар моҳҳои гузашта, “Рейтерс” рӯзи ҷумъа муддаӣ шуд, Эрон ҳозир шудааст дар бораи барномаи мушакиаш гуфтугӯ кунад.

Амрикои‌ҳо бо ин иддао, ки озмоишҳои мушакии Эрон хилофи Қатъномаи 2231-и Шӯрои амният аст, хоҳони музокира дар бораи Барномаи мушакии Эрон ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки Набила Массрали (Nabila Massrali), сухангӯи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо эълом кардааст, озмоишҳои мушакии Эрон нақзи тавофуқи ҳастаӣ ё Барҷом нест ва Михаил Улянов, раиси Идораи манъи густаришу назорати таслеҳоти Вазорати хориҷаи Русия низ дар 26-уми сентябри соли 2017 таъкид кард: “Манъи қонунӣ дар масири озмоишҳои мушакии Ҷумҳурии исломии Эрон вуҷуд надорад”.