Эрон мизбони нишасти поркҳои илму фановарии ҷаҳон дар соли 2018
Мудири кулли дафтари барномарезии умури фанноварии Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон эълом кард, нишасти Анҷумани ҷаҳонии поркҳои илму фанноварӣ дар соли 2018 дар шаҳри Исфаҳон баргузор мешавад.
Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Хусрави Пирӣ афзуд, Анҷумани ҷаҳонии поркҳои илму фанноварӣ солона нишастҳоеро баргузор мекунад, ки бо таҳвили парчами баргузории нишасти Анҷумани ҷаҳонии поркҳои илму фанноварӣ ба Эрон, ин нишаст августи соли 2018 дар Исфаҳон баргузор хоҳад шуд.
Вай ҳадаф аз баргузории ин нишастро интиқоли таҷрибаҳо ва эҷоди шабакаи ҷаҳонии дониш ва фанноварӣ миёни поркҳои илму фановарӣ ва марказҳои рушд унвон кард ва афзуд: “Дар ин нишаст дар хусуси мавзӯоте монанди эҷоди бозорҳои ҷадид, интиқоли фанноварӣ ва сабти ихтироот табодули назар хоҳад шуд”.
Анҷумани ҷаҳонии поркҳои илму фанноварӣ яке аз муътабартарин ниҳодҳои ҷаҳонӣ аст, ки дар он 70 порки илму фанноварӣ ва марказҳои рушд узвият доранд ва Эрон низ яке аз аъзои ин анҷуман аст.