Октябр 08, 2017 20:32 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти муассири Эрон дар мубориза бо маводи мухаддир

Ҷонишини фармондеҳи нерӯи интизомии Эрон гуфт: Муборизаи ҷиддӣ, пойдор ва мустамар бо маводи мухаддир дар абъоди сахт ва нармафзорӣ дар ҳавзаи байналмилалӣ мусталзими ҳазинаҳои ҳангуфти моддӣ ва маънавӣ аст.

Сардор сартип Искандари Муъминӣ дар дидори вобастагони низомии кишварҳои хориҷии мустақар дар Теҳрон афзуд: Қочоқи маводи мухаддир имрӯз ба унвони як муъзали ҷаҳонӣ табдил шуда ва балоёи ношӣ аз тавзеъ ва истеъмоли он боиси нигаронии бисёре аз кишварҳо шудааст .

Ҷонишини фармондеҳи нерӯи интизомии Эрон хотирнишон кард: Иқдомоти ҷумҳурии исломии Эрон дар муқобила бо ин падидаи шум ба танҳоӣ наметавонад роҳгушо бошад ва ниёзманди таомули байналмилалӣ аст .

Сардор сартип Муъминӣ таъкид кард: Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фаромарзӣ дар арсаи мубориза бо маводи мухаддир метавонад илова бар эҷоди ноамнӣ барои қочоқчиён, сабаби эҷоди як ваҳдати равияи байналмилалӣ барои муқобила бо судҷуён ва қочоқчиён бошад .

Сардор Муъминӣ афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрони ҳечгоҳ мубориза бо маводи мухаддирро мутаваққиф нахоҳад кард ва тавониста дар ин арса ба натоиҷи қобили таваҷҷуҳе даст ёбад, ки натоиҷи иқдомоти Эрон шомили ҳоли ҳамаи ҷаҳон аз ҷумла таҳмилкунандагони таҳрим алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон будааст .

Ҷонишини фармондеҳи нерӯи интизомии Эрон ҳамчунин гуфт: Полиси ҷумҳурии исломии Эрон омодаи ҳаргуна ҳамкории полисӣ бо полиси дигар кишварҳо дар масири тақвияти таомул ва ҳамкориҳои самарбахш аст .