Мубодилоти тиҷории Эрон ва Туркия бо пулҳои миллӣ мумкин мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i24359-Мубодилоти_тиҷории_Эрон_ва_Туркия_бо_пулҳои_миллӣ_мумкин_мешавад
Раисони кулли бонкҳои марказии ҷумҳурии исломии Эрон ва Туркия дар Анкара пешнависи санади мубодилаи тиҷории ду кишварро бо арзҳои миллӣ имзо карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 10, 2017 11:15 Asia/Dushanbe
  • Мубодилоти тиҷории Эрон ва Туркия бо пулҳои миллӣ мумкин мешавад

Раисони кулли бонкҳои марказии ҷумҳурии исломии Эрон ва Туркия дар Анкара пешнависи санади мубодилаи тиҷории ду кишварро бо арзҳои миллӣ имзо карданд.

Валиаллоҳи Сайф, раиси кулли Бонки марказии ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи имзои ин пешнавис ба Ирно гуфт: Ин санад бар асоси таъкиди раисони ҷумҳурии Эрону Туркия бар густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар, ки дар сафари ахири раисҷумҳури Туркия ба Теҳрон низ матраҳ шуд, ба имзо расид .

Ба гуфтаи Сайф, бо имзои ин санад, таъмини молии тиҷорат ва сармоягузории мустақими Эрону Туркия бо истифода аз арзҳои миллии ду кишвар осон мешавад .

Раиси кулли Бонки марказии Эрон афзуд: Дар ин тафоҳумнома, риёли Эрону лири Туркия ба роҳатӣ қобилияти табдил ба якдигарро хоҳанд дошт ва тоҷирон метавонанд бо истифода аз арзҳои маҳаллӣ ба тиҷорату доду ситад бипардозанд .

Сайф гуфт: Бонкҳои омили Эрону Туркия метавонанд бар асоси тавофуқи анҷомшуда, аз абзорҳои пардохти байналмилалӣ барои таъмини молии тиҷорат ба арзҳои миллӣ истифода кунанд .

Раиси кулли Бонки марказии ҷумҳурии исломии Эрон барои дидору гуфтугӯ бо мақомҳои бонкии Туркия ба Анкара сафар кардааст .