Интиқоди Зариф аз бархе ҳамсоягони Эрон
(last modified Tue, 10 Oct 2017 14:18:28 GMT )
Октябр 10, 2017 19:18 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Зариф аз бархе ҳамсоягони Эрон

Вазири умури хориҷии Эрон аз бархе ҳамсоягони ин кишвар, ки муттаҳиди Ғарб ҳастанд ва зидди барқарории субот дар минтақа амал мекунанд, интиқод кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар мақолае дар маҷаллаи “The Atlantic”, ки рӯзи сешанбе мунташир шуд, навишт: “Муттаҳидони Ғарб (дар минтақа) беш аз он ки ба масоили миллатҳои худашон таваҷҷуҳ кунанд, сарвати худро барои хариди аслиҳа, тарвиҷи ваҳҳобият, ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ва эҷоди ноамнӣ дар минтақа аз тариқи ҳамла ба Яман, мудохила дар умури Баҳрайн ва ҳимоят аз ДИИШ дар Сурия ва Ироқ сарф мекунанд”. Вазири умури хориҷии Эрон афзуд: “Пас аз тавофуқи ҳастаӣ ҳамсоягони Эрон метавонистанд муомилоти тиҷорӣ ва сармоягузории бештаре бо Теҳрон дошта бошанд, аммо бархе аз онҳо баръакс амал карда, кӯшиданд, ин андешаро эҷод кунанд, ки Эрон решаи аслии бесуботӣ аст”.

Зариф бо ишора ба қудрати дифоии Эрон низ навишт, бо таваҷҷуҳ ба душмании бархе ҳамсоягону бо дар назар гирифтани таҷрибаи ҷанги ҳаштсолае, ки режими баъси Ироқ алайҳи Эрон ба роҳ андохт, Эрон талош кард, тавони дифоии худро тақвият кунад. Вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин таъкид кард, ҳеҷ кишвар ва ё тарафе набояд аз тавонмандии мушакӣ ва усулан қудрати низомии Эрон ҳарос дошта бошад, магар он ки хаёли ҳамла ва ё иқдоми террористӣ алайҳи Эронро дар сар парваронда бошад.