Октябр 10, 2017 19:53 Asia/Dushanbe
  • Эрону Арманистон ҳамкориҳои иқтисодиро афзоиш медиҳанд

Раисҷумҳурҳои Эрону Арманистон дар Теҳрон бар зарурати ҳамкории бештари ду кишвар дар заминаи иқтисоду тиҷорат таъкид карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе дар дидор бо Карен Карапетян, нахуствазири Арманистон дар Теҳрон равобити ду кишварро мусбат арзёбӣ карда, тавсеаи равобиту ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодии миёни Теҳрону Ереванро хостор шуд. Рӯҳонӣ гуфт, пайвастани Эрон ба ҷамъи кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авуросиё дар шаклгирии равобиту ҳамкориҳои ҷадид дар минтақа нақши босазое дорад. Ӯ афзуд, бояд аз зарфияту тавонмандиҳои манотиқи озоди тиҷорӣ дар марзҳои Эрону Арманистон барои тавсеаи ҳамкориҳо ва ҷаҳиш дар муносиботи тиҷорию иқтисодии дуҷониба истифода кард. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо таъкид бар зарурати эҷоди сулҳу суботи пойдор дар минтақа гуфт, ҷангу ташдиди ихтилофоти минтақаӣ ба нафъи ҳеҷ кишваре нест ва ҳама давлатҳои минтақа бояд барои барқарории сулҳи пойдору оромиш талош кунанд.

Нахуствазири Арманистон низ дар ин дидор бо ишора ба зарурати тавсеаи равобиту ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф ҳузури бештари ширкату сармоягузорони эрониро дар манотиқи озоди Арманистон хостор шуд. Карапетян ҳамкориҳои сеҷонибаи Эрон, Арманистон ва Гурҷистонро дар ҳавзаи транзит бо Туркманистон дар бахши энержӣ муҳим дониста, талоши бештари комиссияҳои муштараки ҳамкории Теҳрону Ереванро барои сомондиҳии ин муносибот хостор шуд.