Зариф: Твит кардан кумаке ба Трамп намекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i24423-Зариф_Твит_кардан_кумаке_ба_Трамп_намекунад
Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон истифодаи раисҷумҳури Амрикоро аз Твиттер барои интиқод ба БАРҶОМ, бефоида донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 11, 2017 13:21 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Твит кардан кумаке ба Трамп намекунад

Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон истифодаи раисҷумҳури Амрикоро аз Твиттер барои интиқод ба БАРҶОМ, бефоида донист.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симо, Муҳаммадҷаводи Зариф бо ишора ба твитҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфт: Қабл аз мушаххас шудани воқеиятҳо, твит кардан ба шаклгирии фазои мантиқӣ барои тасмимгирӣ кумак намекунад .

Зариф гуфт: Истифода аз абзорҳои муҳими иртибототӣ, диққат ва масъулятпазирии сангине ме‌талабад .

Раисҷумҳури Амрико дар чанд моҳи гузашта барои интиқод аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ва Эрон, аз фазои маҷозӣ аз ҷумла Твиттер истифода кардааст .

Ҳамалоти твиттерии Доналд Трамп ба тавофуқи ҳастаӣ ва бархе аз мувофиқони амрикоии он, бо интиқоди зиёде дар Амрико мувоҷеҳ шудааст .

Раисҷумҳури Амрико қарор аст, фардо илова бар эъломи тасмими худ дар бораи БАРҶОМ, роҳбурди кишварашро барои иқдомоти ҷадиди зидди Эрон аз ҷумла зидди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом кунад .