Август 16, 2016 16:40 Asia/Dushanbe
  • Оғози шонздаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии фарҳангии ошӯриёни ҷаҳон дар Урумияи Эрон

Сиву чаҳорумин давраи миллӣ ва шонздаҳумин давраи байналмилалии Ҷашнвораи фарҳангии варзишии ошӯриёни ҷаҳон бо унвони "Ҷоми Темуз" дар Урумия, шимоли ғарби Эрон оғоз шудааст.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, 16 тим аз кишварҳои Ироқ, Арманистон ва Эрон дар шонздаҳумин давраи байналмилалии Ҷашнвораи фарҳангӣ-варзишии ошӯриёни ҷаҳон дар Урумия ҳузур доранд.

Эддӣ Довуд, масъули баргузории мусобиқот гуфт: Дар ин ҷашнвора 250 варзишкор дар риштаҳои волейбол, баскетбол, футбол, тениси рӯи миз, шатранҷ ва тениси хокӣ ба муддати як ҳафта бо ҳам рақобат мекунанд.

Рӯзи душанбе дар ойини оғоз ба кори сиву чаҳорумин давраи миллӣ ва шонздаҳумин давраи байналмилалии Ҷашнвораи фарҳангӣ-варзишии ошӯриёни ҷаҳон дар Урумия, ширкаткунандагон дуои шукргузориро ба ҷо оварданд.

Ошӯриён қавме ҳастанд, ки решаи онҳо ба мардуми миёни рудон (Байналнаҳрайн)-и бостон мерасад, ба забони ошӯрӣ (аз хонаводаи забонҳои сомӣ) сухан мегӯянд ва дини масеҳӣ доранд.

Минтақаи зиндагии бумии ошӯриён акнӯн дар шимоли Ироқ, ҷануби шарқии Туркия, шимоли шарқии Сурия ва шимоли ғарбии Эрон воқеъ шудааст.

Темуз чаҳорумин моҳи ошӯриён ва моҳи шукргузорӣ, фаровонӣ ва неъмат аст ва дар ин моҳ кишоварзон бо бардошти маҳсулоти кишоварзӣ ба даргоҳи Худованд шукргузорӣ мекунанд.