Шероз мизбони ойини бузургдошти хоҷа “Лисон-ул-Ғайб”
Ойини бузургдошти хоҷа “Лисон-ул-Ғайб” - Ҳофизи Шерозӣ бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ, муовини раиси ҷумҳурӣ ва раиси Созмони мероси фарҳангӣ ва ҷамъе аз мудирону аҳли фарҳанг дар оромгоҳи Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд.
Ба гузориши “Порс Тудей”, Сайид Аббоси Солеҳӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ дар ойини ёдрӯзи Ҳофиз дар Шероз гуфт, Ҳофиз ба унвони як мунтақиду муслеҳи иҷтимоӣ барои ҷомеаи эронӣ ва онҳое, ки паёми Ҳофизро мешунаванд, ҷаззоб аст.
Вай афзуд, Ҳофиз равшанфикре аст, ки нақдҳои ӯ марбут ба замони худаш нест ва имрӯз ҳам ҷаззоб асту фардову фардоҳо ҳам ҷаззоб хоҳад монд.
Вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ дар муаррифии Ҳофиз, вайро равшанфикри замонаҳои ғайрипайваста, намоду талоядори забону фарҳанги форсӣ, муаллими зиндагӣ ва тавонмандтарин шоири муффасири Қуръон тавсиф кард.
Алиасғари Мӯнисон, муовини раиси ҷумҳурӣ ва раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон ҳам Ҳофизро сафири сулҳу дӯстии эрониёну ҷаҳониён хонду гуфт, вай мутааллиқ ба ҳамаи ҷаҳониён ва дорои овозае ҷаҳонӣ аст.
Дар идома Маркази ҳофизшиносӣ Нишони дараҷаи яки илмии ҳофизшиносиро ба доктор Саиди Ҳамидиён ба хотири ҳофизпажӯҳиҳои ин адиб дар китоби “Шарҳи шавқ” эҳдо кард.
Китоби “Шарҳи шавқ” дар панҷ ҷилд (наздик ба 4400 саҳифа), дорои шарҳу таҳлили ашъори Ҳофиз бар пояи матни мусаҳҳеҳ Парвиз Нотил Хонлари аст.
Ин китоб асари баргузидаи бахши адабиёт дар сивудувумин давраи ҷоизаи Китоби соли Ҷумҳурии исломии Эрон шуд.
Нишони дараҷаи яки илмии ҳофизшиносӣ, ки болотарин нишони ҳофизшиносӣ аст, пеш аз ин ба профессор Ҳенри ду Фуша Кури фаронсавӣ (урдубиҳишти 1386), профессор Ҷивони Мария Дермаи итолиёӣ (исфандмоҳи 1386), доктор Салими Нисорӣ (меҳрмоҳи 1387) ва устод Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ (меҳрмоҳи 1388) эъто шудааст.
Бистуми меҳрмоҳи ҳар сол, ки имсол баробар бо 12-уми октябри мелодӣ аст, дар тақвими миллии Эрон ба ёдрӯзи Ҳофиз ихтисос дода шудааст.