Октябр 12, 2017 16:47 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дубораи тарафҳои аврупоӣ бар пойбандӣ бар БАРҶОМ

Мақомҳои аврупоӣ дар гуфтугӯ бо вазири умури хориҷаи Эрон, ҳамчунон бар пайбандии ҳамаи тарафҳо ба тавофуқи ҳастаӣ таъкид мекунанд.

Ба нақл аз идораи кулли дипломатии расонаии Вазорати хориҷаи Эрон, Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Зигмар Габриэл, вазири умури хориҷаи Олмон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, пайбандии Аврупоро ба тавофуқи ҳастаӣ мавриди таъкид қарор доданд .

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва вазири умури хориҷаи Олмон ҳамчунин гуфтанд то замоне, ки Эрон ба тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ пойбанд бошад, Аврупо низ бар тааҳҳудоти худ устувор хоҳад монд .

Габриэл ва Могеринӣ афзуданд: Эрон бо таваҷҷуҳ ба пайбандии комил ба тааҳҳудоти худ, бояд битавонад ба сурати комил аз мазоёи иқтисодии ҳосил аз ин тавофуқ баҳраманд шавад .

Тавофуқи ҳастаии Эрону гурӯҳи 1+5 (Англия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора дар иҷрои БАРҶОМ бадаҳдӣ мекунад .

Қарор аст, раисҷумҳури Амрико то поёни ҳафта тасмими худро дар бораи БАРҶОМ эълом кунад .

 

Барчасп