Лориҷонӣ: Роҳбурди Амрико бозӣ бо терроризм аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i24517-Лориҷонӣ_Роҳбурди_Амрико_бозӣ_бо_терроризм_аст
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт, роҳбурди Амрико бозӣ бо терроризм барои таъмини манофеи хеш аст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 13, 2017 22:01 Asia/Dushanbe
  • Лориҷонӣ: Роҳбурди Амрико бозӣ бо терроризм аст

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт, роҳбурди Амрико бозӣ бо терроризм барои таъмини манофеи хеш аст.

Ба гузориши ИРНА, Алии Лориҷонӣ рӯзи ҷумъа дар даҳумин нишасти умумии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Санкт-Петербурги Русия гуфт, корномаи Амрико дар минтақаи Ховари Миёна ва талошҳои ин кишвар барои бесуботӣ ва буҳронофаринӣ дар дигар манотиқи ҷаҳон нишон медиҳад, ки бояд дар бораи ҳузури Амрико ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар перомуни худ ҳассос буд. Ӯ таъкид кард, Амрико ба дунболи фурӯши таслиҳоти худ аст ва идома ёфтани буҳрон дар Ховари Миёнаро заминае барои тиҷорисозии амнияти худ медонад. Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон афзуд, идологияи такфирии ваҳҳобият ба унвони як ҷараёни мунҳариф ҳамчунон ташвиқкунанди аслии ҷараёнҳои террористӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон аст. Лориҷонӣ гуфт, бо талоши муштараки Эрону Русия ва бархе кишварҳои минтақа ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои  вобаста ба он ба шиддат тазъиф шудаанд, аммо иддае, ки нафъи худро дар идома ёфтани таниш дар минтақаи Ховари Миёна ҷустуҷӯ мекунанд, ба дунболи шакл додани буҳронҳои ҷадид дар минтақа, аз ҷумла дар қолаби ҷудоиталабӣ ҳастанд.