Октябр 14, 2017 18:14 Asia/Dushanbe
  • Вазорати дохилаи Эрон: Трамп аз камтарин саводи таърихӣ бархурдор нест

Вазорати дохилаи Эрон рӯзи шанбе дар баёнияе бо таъкид бар ин, ки бори масъулияти дифоъ аз уҳдадориҳои байналмиллалӣ аз ҷумла «БАРҶОМ» бар дӯши Созмони Миллал ва кишварҳои имзокунандаи ин тавофуқ аст, тасреҳ кард:Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико оинномаи Созмони Миллали Муттаҳидро зери савол бурдааст.

Дар баёнияи Вазорати дохилаи Эрон хотирнишон шудааст: Трамп ошкоро беэътиноӣ ва пойбанд набудани худ ба уҳдадориҳои байналмиллалиро дар «БАРҶОМ» намоён сохт.

 Вазорати дохилаи Эрон ҳамчунин таъкид кард: Изҳороти Трамп нишон дод доктринаи давлати Амрико, ки муддаии абарқудратии ҷаҳон ва сардамдории низоми байналамиллалӣ аст бар пояи дурӯғ, таҳриф ва зӯргӯӣ аст.

 Вазорати дохилаи Эрон бо баёни ин ки раисҷумҳури Амрико аз камтарин саводи таърихӣ, иттилооти ҳуқуқӣ ва ҳуши сиёсӣ- ҳокимиятӣ бархурдор нест, афзуд: Трамп боиси сарафкандагӣ ва шармсории мардуми Амрико шудааст.

  Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико ҷумъашаб бидуни таваҷҷуҳ ба ҳашт гузориши Ожонси байналмиллалии энергияи атомӣ, ки дар онон пойбандии Эрон ба «БАРҶОМ»  таъкид шудааст, эълом кард,ки пойбандии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Барномаи ҷомеъи иқдоми муштаракро тасдиқ нахоҳад кард.

 Иттиҳодияи Аврупо пас аз ин изҳороти Трамп эълом кард, монанди гузашта аз «БАРҶОМ»  комилан ҳимоят хоҳад кард.

 Трамп ҳамчунин бо такрори иттиҳомоти беасос алайҳи миллати Эрон муддаии ҳимояти Теҳрон аз терроризм шуд ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро, ки нақши асосӣ дар мубориза бо террористҳои мавриди ҳимояти Вашингтон дар Сурия ва Ироқ дорад, дар рӯйхати таҳримҳои нав қарор дод.

 Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон барои мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ- террористӣ дар Ироқ ва Сурия ба дархости расмии ин кишварҳо кумакҳои мушовираӣ ба онҳо мекунад; иқдоме, ки ба ҳеҷ унвон ба мазоқи Трамп хушоянд нест.

 

Барчасп