Зариф: Эрониён ҳамагӣ «Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ» ҳастанд
(last modified Sun, 15 Oct 2017 09:04:28 GMT )
Октябр 15, 2017 14:04 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрониён ҳамагӣ «Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ» ҳастанд

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба изҳороти хасмонаи Трамп зидди Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард: Имрӯз эрониён аз зану мард ва пиру ҷавон, ҳамагӣ «Сипоҳи посдорон инқилоби исломӣ» ҳастанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф шанбешаб дар Твиттер навишт: Эрониён ҳамагӣ бо салобат дар канори касоне, ки аз Эрон ва минтақа дар баробари таҷовуз ва террор дифоъ мекунанд, истодаанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ҷумъашб бо изҳороти сахиф ва такрори иттиҳомоти беасоси гузашта зидди миллати Эрон ва бо таъйид накардани пойбандии Теҳрон ба рӯҳи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), бори дигар муддаии ҳимояти Эрон аз терроризм шуд ва сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дар листи таҳримҳои ҷадид қарор дод.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон барои мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ-террористӣ дар Ироқ ва Сурия ба дархости расмии ин кишварҳо, кумаки мусташорӣ ба онҳо ироа мекунад ва нақши муҳимме дар мубориза бо терроризми мавриди ҳимояти Амрико дорад.