Октябр 15, 2017 17:23 Asia/Dushanbe
  • Иттисоли шуъбаи Пориси Бонки миллии Эрон ба системаи якпорчаи пардохти евро

Узви ҳайъатмудираи Бонки миллии Эрон гуфт: Шуъбаи Пориси ин бонк, ба сурати мустақим ба узвияти системаи пардохти Аврупо (Торгети 2) муттасил шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ғуломризо Паноҳӣ изҳор кард: Системаи пардохти “Торгет”-и ниҳоди пулии ҳавзаи евро ё ҳамон Euro system, муташаккил аз Бонки марказии Аврупо ва бонкҳои марказии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупост, ки аз тариқи бонки марказии ҳар кишвар ба бонкҳои ҳозир дар Иттиҳоди Аврупо, имкони интиқоли ваҷҳро ба сурати онӣ ва фаротар аз марзҳои ҷуғрофиёии онҳо медиҳад .

Узви ҳайъатмудираи Бонки миллии Эрон афзуд: Шуъбаи Пориси Бонки миллии Эрон дар Фаронса, дар даврони қабл аз таҳрим ба воситаи як коргузор имкони нақлу интиқоли вуҷуҳро дошт ва узви мустақими ин системаи пардохт набуд, аммо акнун ба сурати мустақим ба узвияти системаи пардохти “Торгет” даромадааст .

Иттисоли бонкҳои Эрон ба системаи пардохти Аврупо, январи 2015 ва пас аз иҷроӣ шудани барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ, дар дастури кори шуъаби бонкҳои эронӣ дар Аврупо қарор гирифтааст .

Пештар Бонки байналмилалии Персиа, мутааллиқ ба бонкҳои Миллат ва Тиҷорати Эрон мустақар дар Англия, аз тариқи Бонки марказии Олмон ба низоми пардохти евро мавсум ба “Торгети 2” муттасил шуда буд .

Шуъбаи Франкфурти Бонки Сипаҳ, дигар бонки эронӣ низ пас аз БАРҶОМ ба низоми “Торгети 2” муттасил шудааст .

 

Барчасп