Мавозеи давлати Эрон дар қиболи ҷарёнсозиҳои ахири Амрико сешанбе эълом мешавад
(last modified Mon, 16 Oct 2017 14:05:37 GMT )
Октябр 16, 2017 19:05 Asia/Dushanbe
  • Мавозеи давлати Эрон дар қиболи ҷарёнсозиҳои ахири Амрико сешанбе эълом мешавад

Сухангуи давлати ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард: Мавзеи давлати Эрон дар қиболи ҷарёнсозиҳои ахири Амрико барои таҳмили музокироти сонавия дар бораи тавони мушакӣ ва нуфузи минтақаии Эрон, фардо эълом мешавад.

Муҳаммадбоқири Навбахт афзуд: Мавозеи Эрон дар қиболи ҷарёнсозиҳои ахири амрикоиҳо, ибтидо дар суханронии Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон билофосила пас аз изҳороти раисҷумҳури Амрико эълом шуд ва ин мавозеъ фардо сешанбе низ дар нишасти хабарии сухангуи давлат ба сароҳат баён хоҳад шуд .

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ҷумъа шаб пас аз изҳороти сахиф, вақеҳона ва зидди эронии Доналд Трамп дар як нутқи зиндаи телевизионӣ, изҳороти раисҷумҳури Амрикоро иттиҳомоте воҳӣ алайҳи миллати Эрон баршумурду гуфт: Суханони Трамп нишон дод, ки БАРҶОМ мустаҳкамтар аз он чизест, ки ӯ дар даврони рақобати интихоботӣ фикр мекард ва Амрико имрӯз танҳотар аз ҳамеша дар баробари БАРҶОМ ва тавтеаҳояш алайҳи миллати Эрон аст .