Октябр 19, 2017 13:23 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи акси устодони форсизабони мусиқӣ дар Порис баргузор мешавад

Намоишгоҳи акси устодони мусиқии муосири форсизабони се кишвари Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар пойтахти Фаронса ба намоиш медарояд.

Ба гузориши хабаргузории кори Эрон - Илна, Ҷашнвораи ҳунарии форсизабонони Аврупо, ки дар январи соли 2018 дар Порис баргузор мешавад, мизбони намоишгоҳи акси устодони мусиқии форсизабони муосир хоҳад буд.

Ин маҷмӯа, ки ҳосили талоши Фурӯғи Баҳманпур, аккосу пажӯҳишгари мусиқӣ аст, дар нахустин Ҷашнвораи ҳунарии порсизабонони Аврупо рӯйи девор меравад.

Фурӯғи Баҳманпур мегӯяд, дар тӯли бист сол панҷ ҳазор тасвири диданашуда аз устодони мусиқӣ ва хонандагони матраҳи форсизабони эронӣ, афғонистонӣ ва тоҷикистониро ҷамъоварӣ кардааст, ки теъдоди маҳдуде аз ин тасовир то ба ҳол дар Эрону Аврупо ба намоиш даромадааст.

Ба гуфтаи хонуми Баҳманпур, намоиши ин осор барои мухотабони форсизабони аврупоӣ мояи хушҳолӣ аст.

Анҷумани фарҳангӣ- ҳунарии Першиёно қарор аст январи соли 2018 нахустин Ҷашнвораи ҳунарии форсизабонони Аврупоро дар Порис баргузор кунад.