Октябр 19, 2017 14:24 Asia/Dushanbe
  • Навозандаи чирадасти хуросонӣ даргузашт

Фаромарзи Шукрхоҳ, навозандаи хуросонии созҳои тор, сетор ва камонча дар синни 56 солагӣ дар Машҳад дори фониро видоъ гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Фаромарзи Шукрхоҳ, созандаи соз, мударриси мусиқӣ ва навозандаи тор, сетор ва камончаи аҳли Хуросон пас аз таҳаммули як давраи беморӣ дар синни 56 солагӣ дар Машҳад даргузашт.

Ин навозанда, ки маҷмӯае аз созҳои таърихиро ҳам дар ихтиёр дошт, аз ҳудуди 30 соли қабл муҷаввизи сохти созҳои мусиқиро аз вазороти фарҳангу иршоди исломии Эрон дарёфт карда буд.

Шукрхоҳ аз ҳамон замон ба омӯзиши мусиқӣ рӯ овард ва то кунун шогирдони зиёде тарбият кардааст.

Ин навозандаи забардаст дар солҳои гузашта иҷроҳои бисёреро ба нафъи гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа рӯйи саҳна бурда буд.

 Фаромарзи Шукрхоҳ дар солҳои поёнии умри худ бо бемории саратони шуш ва ҷигар даступанҷа нарм мекард.