Август 17, 2016 12:28 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши равобити иқтисодии Афғонистон ва Эрон

Сухангуи утоқи тиҷорат ва саноеи Афғонистон аз афзоиши равобити тиҷории Кобул- Теҳрон хабар дод.

Ба иттилои хабаргузории Тасним, Сиёмиддин Писаралӣ, сухангуи утоқи тиҷорат ва саноеи Афғонистон эълом кард: Доду ситадҳои тиҷории Афғонистон бо Эрон аз яку ним миллиард доллар акнун ба ду миллиард доллар афзоиш ёфтааст.

Сухангуи утоқи тиҷорат ва саноеи Афғонистон, коҳиши равобити иқтисодии ин кишвар бо Покистонро аз муҳимтарин авомили афзоиши доду ситадҳои тиҷории Кобул ва Теҳрон донист.

Писаралӣ афзуд: Содирот ва воридот бо Эрон аз роҳи бандари чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон анҷом мешавад.

Чанде қабл низ Маҳмуди Сиёдат, раиси утоқи муштараки Эрон ва Афғонистон гуфта буд, ки мавонеи асосии тавсеаи равобити иқтисодии Теҳрон ва Кобул бардошта шудааст.

Панҷумин Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Афғонистон ҳафтаи гузашта бо ҳузури як ҳайъати 17 нафараи иқтисодӣ аз Афғонистон ба муддати ду рӯз дар Теҳрон баргузор шуд.

 

Барчасп