Ҷаҳонгирӣ: Беэътиноии ҷаҳониён ба ҳарфҳои раисҷумҳури Амрико бесобиқа аст
Муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон бо ишора ба мавозеи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико зидди БАРҶОМ таъкид кард: Дар торих камтар пайдо мешавад, ки раисҷумҳури Амрико бо кишваре мисли Эрон интавр ҳарф бизанад ва ҷаҳон ҳам беэътиноӣ кунад.
Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон дар маросими рӯзи миллии содирот дар Теҳрон гуфт: Баъд аз иҷроӣ шудани барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), фазои байналмилалӣ барои кор бо Эрон бисёр мусбат шудааст, зеро ҷаҳон медонад, Эрон ҷои муҳиме аст .
Ҷаҳонгирӣ бо баёни инки Амрико, Африқо, Аврупо ва Осиё мехоҳанд бо Эрон кор кунанд, бар лузуми истифода аз ин фурсат таъкид кард .
Муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба фармоишоти раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мабнӣ бар густариши равобити Эрон бо тамоми ҷаҳон ба истиснои чанд кишвар изҳор кард: Ин сиёсатмадорони амрикоӣ ҳастанд, ки ширкатҳои амрикоиро аз мазоёи иртибот бо Эрон маҳрӯм кардаанд .
21 октябр дар тақвими Эрон ба унвони рӯзи миллии содирот номгузорӣ шудааст .