Октябр 22, 2017 21:05 Asia/Dushanbe
  • Буруҷирдӣ: Эрон таҳти ҳеч шароите дар бораи тавони мушакӣ музокира намекунад

Раиси Комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Эрон гуфт: Эрон таҳти ҳеч шароите дар бораи тавони мушакӣ ва дифоии худ музокира нахоҳад кард.

Алоиддини Буруҷирдӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним, бо ишора ба изҳороти бархе мақомоти аврупоӣ дар бораи тавони мушакии Эрон гуфт: Эрон борҳо эълом кардааст, ки масоили дифоӣ ҳеч иртиботе ба барномаи ҷомеи иқдоми муштарак  БАРҶОМ ва музокироти ҳастаӣ надорад ва ин масъала ҷузъи хутути қирмиз аст .

Раиси Комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Эрон, бо баёни инки таҷҳизоти дифоӣ ҳаққи ҳар кишваре барои муқобила бо таҳдидоти эҳтимолӣ аст, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон барои дифоъ, тавони мушакӣ ва дифоии худро тақвият карда ва бо ҳеч кишваре ва таҳти ҳеч шароите дар бораи масоили мушакӣ ва дифоии худ бо дигарон музокира нахоҳад кард .

Буруҷирдӣ ҳамчунин гуфт: Кишварҳое, ки фикр мекунанд, метавонанд бо фишорҳои сиёсӣ замина барои муқобила бо тавони дифоии Эрон фароҳам кунанд, сахт дар иштибоҳ ҳастанд, чун масоили дифоӣ ва мушакии Эрон қобили музокира набуда ва нест .

 

Барчасп