Зариф: Давлати Трамп дар ҷаҳон мунзавӣ аст
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, сиёсатҳои раиси ҷумҳурии Амрико ин кишварро дар ҷаҳон мунзавӣ кардааст.
Ба гузориши хабаргузории Ирна, Муҳаммадҷаводи Зариф якшанбешаб ҳангоми вуруд ба шаҳри Преторияи Африқои Ҷанубӣ дар ҷамъи хабарнигорон ба изҳороти зиддиэронии Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи Амрико вокуниш нишон дод.
Зариф гуфт, имрӯз наздиктарин муттаҳидони Амрико ҳам дар баробари сиёсатҳои зиддибарҷомии ин кишвар ва талоши Доналд Трамп барои идома додан ба бадаҳдӣ дар иҷрои Барномаи тавофуқи ҳастаӣ истоданду мавзеъгирӣ карданд.
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, муттаассифона, амрикоиҳо намехоҳанд баъд аз солҳо иштибоҳ, дидгоҳашонро ислоҳ кунанд, зеро агар фидокориҳои Ҷумҳурии исломии Эрон набуд, гурӯҳи террористии ДИИШ акнун дар Димишқ, Бағдод ва Эрбил мустақар шуда буд.
Зариф гуфт, Амрико дар пайи чаповули долларҳои нафтии кишварҳои арабии минтақа аст.
Вазири умури хориҷаи Амрико дар нишасти хабарии муштарак бо Одил Ал-Ҷубайр, ҳамтои саудии худ дар Риёз гуфта буд, Арабистон аз сиёсати давлати Амрико дар қиболи хатари нуфузи Эрон дар минтақа ҳимоят мекунад.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар бораи сафараш ба се кишвари африқоӣ, аз ҷумла Африқои Ҷанубӣ гуфт, равобити Эрон бо Африқои Ҷанубӣ дар қораи Африқо равобити вижае аст ва ӯ умедвор аст ки ин сафар барои мардуми ду кишвар пурбор бошад.