Октябр 24, 2017 12:30 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Трамп наметавонад ба муқовимати мардуми Эрон латма бизанад

Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон душанбе шаб дар ҷамъи эрониёни муқими Африқои Ҷанубӣ гуфт, суханони зишти раисҷумҳури Амрико заррае дар дифоъ, муқовимат ва сарбаландии мардуми Эрон хадша ворид намекунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф ҳамчунин миллати Эронро пуштвонаи пешрафт ва амнияти ҷумҳурии исломии Эрон хонду гуфт: Эрони исломӣ ба воситаи ҳимоятҳои мардум дар 40 соли гузашта тавонистааст ҳамаи фишорҳо, таҷовузҳо ва таҳримҳоро бо сарбаландӣ пушти сар бигузорад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҷумъа 13 октябр бо такрори иттиҳомоти беасос алайҳи миллати Эрон, ҷумҳурии исломии Эронро, ки дар Сурияву Ироқ ба дархости давлатҳои ин ду кишвар бо террористҳо мубориза мекунад, ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ҷумҳурии исломӣ қудрат ва пешрафти иқтисодӣ ва илмии худро вомдори ҳеч кишваре нест ва ҳеч кишваре дар минтақа амнияти Эронро надорад .

Вазири умури хориҷаи Эрон ба ҷиноятҳои Арабистону ҳампаймононаш дар Яман низ ишора карду гуфт: Режими Саудӣ бо долларҳои нафтӣ, таслеҳоти низомӣ аз Амрико мехарад ва бо он мардуми мазлуми Яманро ба хоку хун мекашад .

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон асри якшанбе барои ширкат дар сездаҳумин Нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Африқои Ҷанубӣ ва дидор бо мақомоти ин кишвар вориди Претория шуд .

 

Барчасп