Октябр 24, 2017 15:19 Asia/Dushanbe
  • Трамп наметавонад заррае ба истиқомату дифои мардуми Эрон хадша ворид кунад

Лаффозиҳои мақомҳои Кохи Сафед алайҳи Эрон дар чанд рӯзи ахир абъоди густардатаре ёфтааст.

Зоҳиран мақомҳои Кохи Сафед бар рӯйи газофагӯиҳои худ ҳисоби вижае боз кардаанд.

Трамп бо адабиёти бемуҳтавояш борҳо нишон дода, ки аз дирояти сиёсӣ баҳрае надорад.  Рафтору дидгоҳҳои вай нисбат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва миллати бузурги Эрон низ дар ҳамин андоза аст.

Аммо Трамп намедонад, ки дигарон ногузир ба табаият аз Амрикову роҳи ғалате, ки вай дар пеш гирифта, нестанд.

Асли сухани масъулони низоми Ҷумҳурии исломии Эрон низ ҳамин аст. Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар чанд рӯзи ахир борҳо ба ин мавзӯъ ишора кардааст.

 Вай ки барои ширкат дар сездаҳумин нишасти Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Африқои Ҷанубӣ ба Претория сафар кардааст, душанбешаб дар дидоре бо эрониёни муқими ин кишвар аз ҳамин нукта сухан гуфт.

 Зариф  дар ин нишаст гуфт: “Эрон кишваре аст, ки амнияташро вомдори ҳеч касе ҷуз мардумаш нест, Эрон кишваре аст, ки пешрафти иқтисодиву илмӣ ва фанноварии худашро вомдори ҳеч ҷое ҷуз мағзи эронӣ нест”.

Амрико аммо тасаввур мекунад, ки миллати бузурги Эронро метавонад мунзавӣ кунад. Дар ҳоле ки миллати Эрон ҳеч гоҳ аз муҳити перомунӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ бегона набудаву ҳамвора дар ҳамаи арсаҳо фаъъолу асаргузор будааст. Ҷумҳурии исломии Эрон хоҳони таомули густарда бо тамоми ҷаҳон аст, аммо ин масир яктарафа нест.

Ин воқеияте аст, ки Зариф онро ин гуна баён карду гуфт: “Мо мисли кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс нестем, ки ба маҳзи дидани як ахм (қаҳр) аз сӯйи Амрико саросема равонаи кампи Дейвид шуданд. Мо мисли он кишварҳо нестем, ки ба маҳзи дидани лабханд дар рақси шамшерҳои оқои Трамп масти ин ҳимоят шавем ва надонем чӣ кор кунем”.

Таваҳҳуми давлатмардони Амрико ин аст, ки бо алфози зишту қулдурмаобона метавонанд ба ҳар он чӣ ки мехоҳанд барисанд ва ҳар кореро ки мехоҳанд анҷом диҳанд. Аммо он чӣ ки мақомҳои Кохи Сафед ва ба таври мушаххас ҳалқаи перомунии Трамп зоҳиран аз он беиттилоанд, воқеиятҳои кунунӣ дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Воқеиятҳое, ки ба қудратҳои ҷаҳонӣ гӯшзад мекунад, даврони чаповули миллатҳо ба поён расидааст ва лаҷанпароканӣ тавассути афроде мисли Трамп наметавонад заррае дар истиқомату пешрафту дифоъ ва муқовимату сарбаландӣ ва ифтихори миллати Эрони хадша ворид кунад.

Имрӯз ҳатто ҷомеаи Амрико пешрафтҳову бахше аз тавони илмии худро марҳунии андешаҳои халлоқи эрониёне аст, ки Трамп барои рафтани онҳо ба Амрико шарт мегузорад, дар ҳоле ки ин ҷомеаи Амрикост, ки ба Эрон ниёз дорад.

Муассисаи “Cato Institute”, андешакадаи мутолеотӣ ва таҳқиқотии амрикоӣ дар гузорише менависад: “Дар ҳоли ҳозир муҳоҷироне аз садҳо миллияти мухталиф, аз ҷумла эрониён дар Амрико машғули зиндагӣ ҳастанд ва бисёре аз онҳо фанновариҳоеро тавлид мекунанд, ки ҳамаи мардум аз он суд мебаранд ва ба рушди Амрико кумак мекунанд”.