Октябр 25, 2017 17:14 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Қудрати дифоии Эрон қобили музокира нест

Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд, имконоту қудрати дифоии Эрон қобили музокира ва чоназанӣ нест.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ҳузур дар маросими муштараки донишомӯхтагӣ, савгандёд ва дарёфти сардушии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии артиши ҷумҳурии исломии Эрон гуфтанд: Душманони низоми исломӣ, иқтидори миллии Эронро музоҳими худ медонанд ва бо он муқобила мекунанд .

Эшон афзуданд: Душманон бо афзоиши иқтидори ҷумҳурии исломӣ дар миёни миллатҳо, дар минтақа ва фаротар аз минтақа мухолифанд, зеро ин иқтидор, умқи роҳбурдии низоми исломӣ аст .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ мухолифати қудратҳои истикбориро бо тавони дифоии Эрон дар ҳамин чорчуб арзёбӣ ва таъкид карданд: Роҳи муқобила бо ин мухолифатҳо, ин аст, ки бар хилофи хостаи онҳо бар аносури иқтидори миллӣ такя ва истодагӣ кунем.

Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд: “Дар бора абзорҳои дифоӣ ва ҳар ончи иқтидори миллии Эронро таъмин ё пуштибонӣ мекунад, ҳечгуна чоназанӣ ва муомилае бо душман надорем”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ муҳимтарин вазифа ва масъулияти нерӯҳои мусаллаҳи Эронро таъмини амнияти кишвар хонданду афзуданд: Пешрафт дар арсаҳои мухталиф аз ҷумла илмӣ, санъатӣ ва иқтисодӣ машрут ба вуҷуди амният аст .

Фармондеҳи муаззами кулли қуво, ҳамаи мардум бавижа ҷавононро ба донистани қадри амнияти мавҷуд ва иззату оромиш ва сарбаландии Эрон, ки ба баракати низоми ҷумҳурии исломӣ ба вуҷуд омада тавсия карданду гуфтанд: Рӯзгоре, Эрони азиз бо гузаштаи торихӣ ва дурахшони худ ва бо истеъдодҳои бепоёнаш, зери пои мусташорони амрикоӣ ва саҳюнистӣ ва англисӣ буд ва ба дасти ҳокимони вобаста ва заиф таҳқир мешуд, аммо ислом Эронро наҷот доду ҷумҳурии исломӣ Эронро азизу муқтадир кард .

 

Барчасп