Паёми таслияти раҳбари инқилоби исломӣ дар паи даргузашти Мавлавии Ҳусайн‌пур
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i24953-Паёми_таслияти_раҳбари_инқилоби_исломӣ_дар_паи_даргузашти_Мавлавии_Ҳусайн_пур
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ даргузашти Мавлавӣ Муҳаммадюсуфи Ҳусайн‌пур, аз уламои бузурги устони Систону Балучистони Эронро ба мардуми Саровон ва Гушт ва ба хонаводаи муҳтарам ва шогирдони он марҳум таслият гуфтанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 26, 2017 18:54 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раҳбари инқилоби исломӣ дар паи даргузашти Мавлавии Ҳусайн‌пур

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ даргузашти Мавлавӣ Муҳаммадюсуфи Ҳусайн‌пур, аз уламои бузурги устони Систону Балучистони Эронро ба мардуми Саровон ва Гушт ва ба хонаводаи муҳтарам ва шогирдони он марҳум таслият гуфтанд.

Ба нақл аз Ирно, паёми таслияти раҳбари муаззами инқилоби исломиро ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сулаймонӣ, намояндаи валии фақеҳ дар умури аҳли суннати Систону Балучистон ба хонаводаи муҳтарами ин олими фақид иблоғ кард .

Мавлавии Ҳусайн‌пур, ки раёсати ҳавзаи илмияи аҳли суннати Гушту Саровонро бар уҳда дошт, рӯзи нуҳуми октябр дар 87 солагӣ дар Карочии Покистон дори фониро видоъ гуфт .

Марҳум Мавлавӣ Муҳаммадюсуфи Ҳусайн‌пур, шайхулҳадиси устони Систону Балучистон ва устоди аксари мавлавиҳои устон буд, ки умри худро сарфи таблиғи суннати паёмбар (с) ва маорифи Қуръонӣ кард .

Вай барои нахустин бор Шӯрои ҳамоҳангии мадориси динии аҳли суннатро дар устони Систону Балучистони Эрон поягузорӣ кард .